Зоирин дар хонаи Худо барои осоишу суботи Тоҷикистон дуо мекунанд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки аз шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯзҳо зоирони Тоҷикистон пас аз адои маносики умра намозҳои худро дар Масҷиди Ҳаром ба ҷо меоранд ва хонаи Худоро тавоф менамоянд. Гурӯҳи корӣ, роҳбаладон бо роҳбарии Азизулло Мирзозода, сардори ситоди ҳаҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавқеи Мино рафта, бо роҳи рафту омад, бо шароити хаймаҳо ва таъйину тақсимоти макони сукунати зоирон ошно шуданд. Зоирони Тоҷикистон аз номи волидон ва ақрабои хеш умраро адо намуда, савобашро ба онҳо мебахшанд ва ҷойҳои таърихиро тамошо мекунанд. Домулло Абдураҳими Понғозӣ иброз дошт, ки ӯ дар Ҳарам ва ҷойҳои иҷобати дуо ҳамеша амният ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистонро аз даргоҳи Худованд таманно менамояд.
Мавсуф аз воқеаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй доданд, ёдовар шуда, гуфт, ки ҳар як сокини Тоҷикистон вазифадор аст амнияти кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва нагузорадба он халале афтад.
Мискин Намакинов, зоири хонаи Худо аз ноҳияи Рӯшон, ки бо квотаи Президенти мамлакат ба зиёрат рафтааст, зикр кард, ки аз саховатмандии Сарвари давлат хеле миннатдор аст: “Аз Худо талаб мекунам, ки Тоҷикистони моро ҳамеша дар амну осоиштагӣ нигоҳ дорад”, -гуфт М.Намакинов.
Тавре ки аз маркази матбуоти «Ҳаҷ-2015» иттилоъ доданд, 14 табиби пуртаҷрибаи тоҷик бо роҳбарии Раҷабалӣ Холиқов ва Алламурод Кавраков дар се нуқтаи тиббии меҳмонхонаҳо зоиринро таҳти назорати тиббӣ гирифтаанд. Саломатии ҳамаи ҳоҷиён хуб буда, нуқтаҳои тиббӣ бо тамоми маводи доруворӣ таъминанд ва духтурон ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд — гуфт Р.Холиқов.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






