Зуҳуров бо ҳамтоёни худ дар Ню-Йорк мулоқот кард

Сентябрь 1, 2015 04:45

 Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мусоидро барои таҳкими ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст». Ин матлабро  Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни сӯҳбатҳо бо ҳамтоёни худ — Марзук Алӣ  Ал Ғаним -раиси парлумони кишвари Кувайт,  Владимир Андрейченко -раиси парлумони Ҷумҳурии Беларус ва Оқтай Асадов -раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон  баён дошт. Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мобайни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумонҳои Кувайт, Белорус, Озарбойҷон,  густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энргетика, саноат ва сохтмон, варзишу туризм ва фарҳанг изҳори назар шуд. Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти Ш. Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз Кувайт, Беларус ва Озарбойҷон дар Ню- Йорк,  дар доираи кори конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ҷараён гирифт.        

 

Сентябрь 1, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад