А.Абдулло: Афғонистон ёрии Русия дар мубориза бар зидди терроризмро қабул дорад

Октябрь 19, 2015 05:12

Душанбе, 16.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи  якшанбеи  гузашта   раиси ҳокимияти  иҷроияи  Афғонистон Абдулло Абдулло  изҳор  дошт, ки  Афғонистон ёрии  Русия  дар  мубориза бар  зидди  терроризмро  қабул  дорад. 
Абдулло Абдулло  зимни  суханронӣ  дар  нишгасти  матбуотӣ дар  шаҳри  Кобул  изҳор  дошт, ки  Афғонистон  тайи  14  соли  охир  бар  зидди терроризм   мубориза бурда ва ба  қабули ёрии  ҳар  кишвар тайёр  аст.
«Агар  ягон  кишваре  дар  ҷанг  бар  зидди  терроризм  ба  Афғонистон  ёрӣ  расониданӣ  бошад,  мо  ин  пешниҳодро  мепазирем», — гуфт  раиси ҳокимияти  иҷроия.
Ёдовар  мешавем, ки  чанде  пеш  дар  шаҳри  Маскав  конфронси  байналмилалӣ  бахшида ба  масоили  Афғонистон  баргузор гардида,  дар  ҷараёни он   намояндагони  ҳар  ду  кишвар  аҳд  карданд, ки барои   афзун  намудани самараи  амалиётҳои  зидди «Давлати исломӣ» ирсоли  чархболҳои ҷангии МИ — 35 Русия ба  Афғонистон аз нав  давом дода шавад. 

Октябрь 19, 2015 05:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад