Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар кишвар коҳиш ёфт
Душанбе, 19.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Аз рӯи натиҷаи 9 моҳи соли равон ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ аз рӯи ҳамаи намуди он дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 баробари 8,1 фоиз коҳиш ёфта, 6 миллиону 980 ҳазору 200 сомониро ташкил дод.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ба корхонаю ташкилотҳо ба маблағи 3 миллиону 386 ҳазору 800 сомонӣ хидмати пулакӣ расонида шудааст, ки 48,5 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки қисми зиёди хидматрасонии пулакӣ ба шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ва камтари он ба ВМКБ рост меояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






