A. Зуев: Тоҷикистон намунаи хуб дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барои бисёре аз кишварҳо аст

Октябрь 2, 2015 05:56

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — «Мақсадҳои ҷаҳонии рушди ҳазорсола  дар ҳамаи нақшаҳои миллӣ ва стратегияи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос  ёфтанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, Тоҷикистон барои бисёре аз кишварҳои дигар намунаи хуб нишон дод», — гуфт  ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни мусоҳиба бо хабарнигори  АМИТ« Ховар ».
Бино ба гуфтаи А.Зуев барои инъикоси  ҳадафҳои байналмилалӣ СММ  бо баъзе кишварҳо музокироти тӯлонӣ мекард. Дар Тоҷикистон чунин душворӣ вуҷуд надошт.
«Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди  тамоми масъалаҳо зич ҳамкорӣ дорем. Ба андешаи ман натиҷаи ин ҳамкорӣ самараи хуб дод.  Дар    иҷрои нақшаҳои миллӣ ва  стратегияҳои рушди иқтисодӣ ин ҳамкорӣ  барои Тоҷикистон манфиатбахш аст», — гуфт А. Зуев.
Бино ба иттилои ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари ҳадафҳои асосии ҳазорсоларо  иҷро кардааст. Яке  аз ин мақсадҳо  паст кардани сатҳи камбизоатӣ буд.
«Ба фикри ман, ин вазифаро  Тоҷикистон бомуваффақият ба сомон расонид,  зеро сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас кам шуд. Ҳадафҳои  рушди байналмилалӣ тавсиа медоданд, ки сатҳи камбизоатӣ  то ду маротиба паст карда шавад, вале Тоҷикистон ин нишондиҳандаро  бештар иҷро карда, ба муваффақият ноил шуд», — гуфт А. Зуев. 
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, коҳиши назарраси бемориҳо ва фавти  кӯдаконро низ набояд аз мадди назар дур монд. Дар ин давра вобаста ба мубориза бо ВИЧ-СПИД ва бемории сил корҳои зиёде  анҷом дода шуданд. Дар давоми 10 соли охири ҳамкории  Тоҷикистон бо СММ бемории  вараҷа пурра бартараф карда шуд.
«Қатъиян метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон бемории  вараҷа вуҷуд надорад. Албатта, ҳастанд мавридҳои ошкори ин беморӣ, вале инҳо ҳолатҳои инфиродӣ мебошанд»,- гуфт дар хотима Александ Зуев. 

 

Октябрь 2, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд