А.Зуев: Тоҷикистон теъдоди зиёди занони фозилу доноро дорад, ки бахшҳои мухталифро рушду густариш дода метавонанд
Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар баробари муваффақиятҳои Тоҷикистон дар амри расидан ба мақсадҳои рушди ҳазорсола проблемаҳоеро зикр намуд, ки онҳоро СММ якҷоя бо Тоҷикистон ҳал менамояд.
«Хуб мешуд, ки фавти модарон хеле коҳиш ёбад, — гуфт А.Зуев. — Пешрафт дар ин бахш ба назар мерасад, вале на ба дараҷаи таъсирбахш, масалан, дар боби фавти кӯдакон. Ин ҳам яке аз мақсадҳои рушди ҳазорсола аст».
Ба гуфтаи А.Зуев, 15 соли минбаъда аҳамияти бориз дорад, зеро теъдоди нави мақсадҳои рушд на аз 8, балки аз 17 теъдод иборат буда, онҳо дар шакли васеътар пешниҳод мешаванд.
«Аксарияти ин мақсадҳо ба проблемаҳое мустақиман дахл доранд, ки Тоҷикистон саъй мекунад, онҳоро дар ҷараёни рушди иҷтимоию иқтисодии худ ҳал намояд. Яке аз ин мақсадҳо иборат аз баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба истеҳсолот ва равандҳои сиёсӣ мебошад. Дар Тоҷикистон, бидуни шубҳа, нерӯи қавӣ ва теъдоди зиёди занони фозилу аллома ҳастанд, ки метавонистанд ба ҳайси соҳибкорон ё ходимони сиёсӣ дар сатҳи маҳаллӣ ё вилояту ноҳияҳо бахшҳои мухталифро рушду густариш диҳанд», — афзуд мусоҳиб.
А.Зуев дар ҷараёни мусоҳиба суханони зерини Дабири кулли СММ — ро, ки зимни мулоқот дар Ню — Йорк ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буд: «Мо чунин ҳолатро мепазирем, ки Тоҷикистон дар ҳошияи теъдоди нави мақсадҳо ва рушду густариш ба ҳалли масоили марбут ба ҳуқуқҳои инсон таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир менамояд».
«Фикр мекунам, ки мо дар ин бахш имконоти зиёде дорем», — гуфт дар хотима А.Зуев.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






