Ҳайати Ӯзбекистон дар ҷаласаи ШСҲ ИДМ иштирок мекунад
Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — 30 октябр ҳайати Ӯзбекистон дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок менамояд. Мувофиқи маълумоти ВКХ Ӯзбекистон, роҳбарии ҳайати Ӯзбекистонро ноиби сарвазири ҳукумат Адҳам Икромов ба ӯҳда дорад.
Иштирокдорони ҷаласа беш аз 30 масъала, аз ҷумла қабули нақшаи татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, ворид намудани тағйирот ба баъзе шартномаю қарорҳои байналмилалии қаблан қабулкардаи ИДМ, ҳамчунин ҷараёни татбиқи нуктаҳои Шартнома дар бораи минтақаи тиҷорати озод аз 18 октябри соли 2011 — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Онҳо бояд нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 25 — солагии таъсиси ИДМ дар соли 2016 — ро тасдиқ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи дуюми имрӯз роҳбарони ҳайатҳо ва иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба пойтахти Тоҷикистон меоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






