Қайроққум: нишондиҳандаҳои истеҳсолии фабрикаи заршӯии «Апрелевка» афзун мегарданд

Октябрь 31, 2015 05:33

Суғд,  31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Баҳри афзунгардонии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулот дирӯз дар фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка»-и шаҳраки Консои шаҳри Қайроққуми  вилояти Суғд хатти нави дастгоҳи асосии технологии дуюм васл шуд. 
Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода зимни оғози расмӣ хатти истеҳсолии нав баён дошт,  мақсад аз иловатан васл намудани боз  2 чалаки нави ҳаҷми ҳар яктоаш 180 м3 , ки барои сохтан ва васли ин  чалакҳо  1 млн. 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст,  ин    афзун намудани самаранокии фаъолияти истеҳсолии коргоҳ ва   зиёд намудани баҳрабардории металлҳою маъданҳои сулфидноки кони Бургунда дар фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка» буда, иқдоми мазкур  барои дароз кардани ҷараёни ишқорронӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии металл равона  шудааст. 
Ба гуфти раиси шаҳр, бо ба истифода додани 2 чалаки ишқорронӣ, вақти ишқорронӣ аз муҳлати нақшавии 24 соат то 72 соат расонида шуда, бо хароҷоти на он қадар зиёди сианиди натрий, ҳосилнокии тилло ба 8% ва нуқра ба 13% афзун хоҳад гардид. 
Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки коркарди маъдан  дар ҳолати паст шудан ба 700-750 тонна дар як шабонарӯз расонида шавад. Дар ифодаи асл   нишондиҳандаҳои ҳосилнокии тилло иловатан ба 40 кг. ва нуқра 260 кг. дар як сол афзуда, он имкон медиҳад,то корхона ҳаҷми истеҳсолотро ба 1 миллиону 620 ҳазор доллари ИМА зиёд намояд. 
Бояд гуфт, ки фабрикаи заршӯии ҶМ ТКММ «Апрелевка»  бо ваҷҳи фарсудагии таҷҳизот ва хатти технологӣ то соли 2001 аз фаъолият бозмонда буд. Танҳо, баъди таҷдиду ворид кардани хатҳои замонавии коркарди маъдан, корхона аз нав ба кор шуруъ карда, дар он коркарди маъдани тиллою нуқрадор роҳандозӣ шуд. Алъон бо насби хатти нави истеҳсолӣ дар коргоҳ иловатан боз 10 ҷойи кор таъсис дода шуда, дар умум дар коргоҳи мазкур 153 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, аз инҳо 22 нафарашро бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Октябрь 31, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд