Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба
Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 22-23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Иброҳим ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон А.Маматалиев баргузор гардид.
Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Қирғизистон масъули соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат, нақлиёт ва ғайра дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва иқтисоду гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Протоколи марбута ба имзо расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






