Ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия ба ситодҳои гурӯҳи террористӣ
Душанбе, 14.10.15. (АМИТ «Ховар»). Назар ба иттилои намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков, тайёраҳои бомбаандози Су 24 М Русия ду ситоди саҳроии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро, ки фаъолияти ҷангиёнро дар музофоти Алеппои Сурия танзим мекарданд, нест намуданд.
«Ҳавопаймоҳои бомбаандози Су 24 М дар деҳаи Анадани музофоти Алеппо ба ситоди саҳроии террористони ДИИШ зарба заданд. Фаъолияти дастаҳои террористон дар музофоти мазкур, ки анбори лавозимоти ҳарбӣ дар он ҷо воқеъ буд, аз ҳамин ситод танзим мегардид», гуфт Игор Конашеков.
Дар деҳаи Ал Боби музофоти Алеппо ситоди саҳроии раёсати дастаҳои террористон ва анбори аслиҳаи онҳо нест карда шуд.
Шабонарӯзҳои гузашта Қувваҳои ҳарбии кайҳонии ФР дар Сурия аз пойгоҳи авиатсионии «Ҳумеймим» 88 маротиба парвоз карда, ба 86 иншооти гурӯҳи террористии ДИИШ зарба заданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






