Ангурпарвар
Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ангур меваест, ки аз қадимулайём мавриди истифодаи инсонҳо қарор гирифтааст. Умуман дар бораи қадимӣ будани ангур назарияҳои гуногун вуҷуд доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ангур ҳатто пеш аз ғалладона пайдо шуда, аз тарафи одамон ба таври васеъ истифода мегардид.
Дар замони қадим ангури худрӯй дар ҷангалҳо рӯида, бо мурури замон мардум ба парвариши он пардохта, то ба имрӯз анвои гуногуни онро ба вуҷуд овардаанд. Имрӯз поя, мева ва барги он дар истеҳсолот мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Ангурро меваи биҳиштӣ унвон додаанд, зеро он дорои витаминҳои А, В, С буда, ҳамчун давои зидди саратон низ шинохта шудааст.
Номи ҳоҷӣ Камол Мадумаровро на танҳо сокинони шаҳри Турсунзода, балки қариб тамоми ҷумҳурӣ медонанд. Ӯ воқеан қаҳрамони меҳнат, шахси фидоӣ, марди худодод ва меҳнатдӯсту чашми кордон аст.
Заҳмату ранҷе, ки ӯ барои парвариши ангур кашидааст, воқеан мавриди ситоиш ва қадрдонист. Меҳру муҳаббате, ки вай нисбат ба замин, ба ҳар зарра хоки ганҷовар дорад, ӯро ба мартабаҳои хеле баланд, яъне ба мартабаи деҳқони асил, ангурпарвари номӣ, пири кор расондааст. Суҳбатҳои гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин ангурпарвари номдор на як бору ду бор ба вуқӯъ омада. Заҳматҳои шабонарӯзиаш, дилу нияти некаш, боғдорию боғпарвариаш ӯро соҳибобрӯ ва соҳибэҳтиром кардаанд.
Чанд боре, ки мехостам, дар бораи ин марди некирода чизе нависам, бо хоксории ба худ хос мегуфт, ки ҳоло барвақт аст. Аммо мо хабарнигорон чӣ тавр таҳаммул кунем, ки бо роҳбарии як ҳамзамони мо қариб 500 гектар ангурзор бунёд мешавад ва мо ӯро муаррифӣ накунем?
Сокинони хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Регар, ки баъдтар ба ҳоҷагии ба номи Аскаралӣ Мирзоев ва хоҷагии «Боғи Сомон» номгузорӣ шуд, мардуми меҳнатдӯсту чашмикордонанд. Худи ҳамин далел ҷолиби қайд аст, ки 9 сокини ин хоҷагӣ дар солҳои Шӯравӣ бо унвони баланд — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардидаанд.
Ангурпарвариро дар ин ҷо нахустин бор Зайлон — бобои қаҳрамони қиссаи мо ҳоҷӣ Камол Мадумаров оғоз бахшидааст.
Дар ду-се сол токҳои шинондаи бобои Зайлон бор оварданд. Ӯ баргҳои таги токро чинд, хаввоза сохт, сол то сол ҳосили ангур бештару беҳтар мешуд…
… Ҳамон рӯз ҳоҷӣ Камол Мадумаров гӯё ид дошт. Орзуи чандинсолааш ҷомаи амал мепӯшид. Ӯ интизории омадани Эмомалӣ Раҳмонро дошт. Хурсандиаш интиҳо надошт. Боғҳои ангурро аз назар гузаронд, ҳосили фаровон, гулҳои дар ду тарафи роҳ шукуфта гӯё нисори қудуми меҳмони олиқадр буданд. Президент ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳам аз натиҷаи меҳнат, ҳосили фаровон, кордонӣ ва ҳам самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин шод гардиданд.
Оре, замини пурсахои тоҷикон метавонад меваҳои шаҳдбор, ҳосили фаровони пахта, шолӣ ва сабзавот диҳад.
Камол Мадумаров 10 феврали соли 1940 дар деҳаи ба номи Жданов, ҷамоати Киров, ҳоло ба номи Ҷӯра Раҳмонов дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъд аз хатми курси ронандаи трактор ҳамчун механизатор дар хоҷагии овозадори ба номи Ленини ноҳияи Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ифои вазифа дошт.
Азбаски дили соф, қобилияти баланди меҳнатдӯстӣ ва меҳру муҳаббати хеле зиёд нисбат ба замин дошт, чандин бор ҳатто мавриди ситоиши Котиби якуми ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов қарор гирифт. Як рӯз дар офтоби хеле гарми тобистон Камол Мадумаров машғули нарм кардани бехи ниҳолҳои пахта буд, ногаҳон Ҷаббор Расулов омад. Аз Камол Мадумаров дар бораи асрори пахтакорӣ суол карда, аз ҷавобҳои ин механизатори чашмикордон ва меҳнатдӯст қаноатманд гардид.
Бори дигар дар семинари пахтакорӣ соли 1987, ки деҳқонон ва мутахассисону роҳбарони хоҷагиҳо ва меҳмонон ҳузур доштанд, қаҳрамони меҳнат, раиси хоҷагӣ шодравон Аскаралӣ Мирзоев аз Камол Мадумаров хоҳиш кард, ки дар бораи асрори пахтакорӣ ва парвариши пахта маълумот диҳад. К. Мадумаров чунон маърӯзаи пурмазмун ва муассир кард, ки ҳамаро ба ҳайрат овард. Ӯ мисли олимон сухан гуфт ва ҳама қоил шуданд. Ӯ ҳатто дар хоки сиёҳ чанд дона ва дар хоки сафед чанд дона коштани чигитро бо далелҳо гуфт. Замони баргбарорию нафаскашии ниҳолҳо, аз алафҳои бегона тоза кардан, аҳамияти обмонии шабона, ягона, чеканка ва пошидани доруҳои заҳрдорро сари вақт бо далелҳо ва аз таҷрибаи андӯхтааш ошкоро, фаҳмо ва бурро гуфт. Ҳамон суханҳои ӯро бисёр мутахассисон ҳанӯз ҳам дар ёд доранд.
Ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ, қобилияти хуби ташкилотдиҳии кор ва дили софу ниятҳои неки Камол Мадумаров аз чашми роҳбарони хоҷагию ноҳия ва аҳолӣ пинҳон намонд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, ӯро сардори бригадаи пахтакорӣ таъйин карданд. Вай нақшаҳои истеҳсолиро пурраву барзиёд иҷро менамуд.
Аслан Камол Мадумаров аз хурдӣ ба корҳои падараш ёрӣ медод. Дар ҳамон вақт асрори боғдорию токпарвариро меомӯхт. Меҳру шавқи ӯ ба парвариши ток, ангури шаҳдбор рӯзафзун буд. Орзу мекард теъдоди токҳояш зиёд бошад , ангури бештару беҳтар парвариш кунад.
Соли 1994 ба Камол Мадумаров муяссар гардид , ки тавофи хонаи Каъба намояд. Ӯ ба ҷои падараш ҳам маросими ҳаҷро ба ҷо овард.
Соли 1986 К.Мадумаров 5 гектар, баъд боз 5 гектар, ҷамъ даҳ гектар заминро гирифта, ба токпарварӣ оғоз кард. Майдони фаъолияти ӯ васеъ шуд. Кораш равнақ ёфту сермаҳсул гардид. Даромади хуб ҳам насибаш гардид. Вақте ки дастранҷи ӯ – ангурҳои ширину лазиз коми мардумонро ширин мекарданд, худро хушбахт ҳис мекард ва гӯиё бори вазнинеро аз китфаш ба замин монда буд. Ба худ меандешид, ки рисолати инсонии худро дар назди Худованд ва мардум то андозае иҷро кардааст. Ниҳоят соли 2008 бо маслиҳати Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-ро таъсис дод. Ин хоҷагӣ зиёда аз 500 гектар заминро дар ихтиёр дорад. Дар 464 гектар аллакай токзор ба ҳосилдиҳӣ сар кардааст. Дар 70 гектар замини ғайрикишоварзӣ маҳсулоти дигари хоҷагии қишлоқ парвариш меёбад. Дар заминҳои хоҷагии «Боғи Сомон» зиёда аз 1 ҳазору 102 саҳмдор меҳнати пурсамар дорад. Роҳбарияти хоҷагӣ солҳои гузашта аз ҳисоби маблағҳои софи хоҷагӣ 5 анбори калон барои нигоҳдошти маҳсулот (яхдон)-ро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва барқи доимӣ ба истифода дод.
Ин анборҳои калон дар як вақт метавонанд зиёда аз 200 тонна маҳсулотро муддатҳои мадид ва беосеб нигаҳдорӣ намоянд. Як анбор бо маблағи 52 ҳазор доллар сохта шуд.
Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар мактаби асосии рақами 92, ки онро чанд сол қабл сохта буд, порсол боз чанд синфхонаи иловагӣ бино кард. Соли сипаригардида барои Фонди рушди деҳот 25 ҳазор сомонӣ гузаронд. Ба Фонди хайриявии ҷумҳурӣ 5 ҳазор сомонӣ ирсол кард.
Соли 2013 дар 7 ҳазору 500 метр роҳи дохилии байни хоҷагӣ қуму шағал рехта шуд.
Тамоми деҳқонон ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъминанд.
Роҳбарияти хоҷагии «Боғи Сомон» барои васеъ кардани фаъолияти хоҷагӣ ва тақвияти заминаи моддӣ – техникии он ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор доллар техникаи хурду бузург хариданд, аз ҷумла Камаз, комбайни алафдаравӣ, трактори МТЗ-80 ва ғайра. Дар айни ҳол, техникаи хоҷагӣ аз 20 адад беш аст. Хоҷагӣ ба парвариши чорво низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳоло дар хоҷагӣ 70 сар чорвои калони шохдор ва зиёда аз 4 ҳазор сар бузу гӯсфанд мавҷуд аст.
Солҳои зиёд сокинони деҳаи Бобониёз Тошев, ки қаблан ин ҷоро Долонсой мегуфтанд, ба оби тозаи ошомиданӣ сахт ниёз доштанд. Сокинони ин мавзеъ қариб ду ҳазор нафар буда, солҳои сол оби ошомиданиро аз дуриҳои дур меоварданд. Ҳарчанд, ки деҳаи мазкур аз мавзеи зисти ҳоҷӣ Камол Мадумаров хеле дур аст, аммо ин марди саховатманд ва дурандеш медонад, ки ташнаро об додан чӣ қадар кори савоб аст. Вай аз ҳисоби маблағҳои софи хоҷагӣ барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани деҳаи мазкур ба кофтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 м бо маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ шурӯъ намуд. Ғайр аз ин, соли гузашта бинои як боғчаи вайрона ва аз кор мондаро ба маблағи 251 ҳазор сомонӣ харида, ба сарбозони Вазорати мудофиа туҳфа намуд.
Тавре ки гуфтем, қаҳрамони қиссаи мо ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ медиҳад. Солҳои қаблӣ бинои мактаби асосии № 92 — ро сохта буд. Солҳои гузашта боз чанд синфхонаи иловагӣ бино намуд. Ҳоло муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 92 ба муассисаи ёздаҳсола табдил ёфт. Ногуфта намонад, ки ҳамаи омӯзгорони мактаби мазкур бо хӯроки гарми бепул таъминанд. Раёсати хоҷагии «Боғи Сомон» ҳар моҳ 100 кг биринҷ, 20 кг макарон ва ҳазор сомонӣ пул ба мактаби мазкур тақдим менамояд.
Дар пешрафти корҳо саҳми Худойберганов Ҳоҷӣ Ҷамолиддин, Мадумаров Нуъмонҷон, Камолов Муҳаммадамин, Суйғунов Алишер, Туйчиев Аъзамҷон, Ғаффоров Ӯроқбой ва даҳҳо нафари дигар калон буда, бо меҳнати ҳалол ба дигар аъзои хоҷагӣ ибрати шахсӣ нишон медиҳанд. Ҳамаи фарзандони Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар бари қиблагоҳашон истода, баҳри пешрафту тараққии «Боғи Сомон» заҳмат мекашанд.
Ҳоҷӣ Камол Мадумаровро дар зиндагии оилавӣ ҳам бахту иқбол ёвару мададгор аст. Ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш ҳоҷиоя Лобархон фарзандони солеҳро ба камол расонидаанд, ки имрӯз қуввати дили падару модаранд.
Таҳияи Ҳотам Рабиев