Арзи сипоси модарони Барсем ва Ранкӯл ба Сарвари давлат
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида идома дорад.
Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 70 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва 12 оилаи ҷамоати деҳоти Ранкӯл- дурдасттарин деҳаи ноҳияи Мурғоб туҳфаҳо, аз қабили либосвор ва дигар маводи зарурии рӯзгор дастрас шуданд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ бо занону бонувон муовини раиси кумита Зулфия Давлатзода аз кумаку ғамхориҳои Сарвари давлат ёдовар шуда, зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста барои беҳтар намудани зиндагии мардум кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад ва намегузорад, ки фарде аз мадди назар дур монад.
Аз дастгириҳои Сарвари давлат модарон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки дар он рӯзҳои душвор мо худро танҳо ҳис накардем, зеро фаҳмидем, ки дастгиру мададрасон дорем ва ӯ Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






