Аз 18 октябр маҳдудият барои истифодаи барқ ҷорӣ мешавад
Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Аз 18 октябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ғайр аз шаҳри Душанбе маҳдудияти қувваи барқ ҷорӣ мешавад. Тавре ки котиби матбуотии Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, вақти маҳудудияти барқ аз истифодаи оқилонаи барқ вобастагӣ дорад. Сабаби ҷорӣ шудани маҳдудияти барқро сарчашма чун норасоии энергияи барқ ва қарзи истифодабарандагони барқ дар назди «Барқи тоҷик» маънидод кард.
Бояд гуфт, ки бо фарорасии хунукиҳо аллакай дар бештари маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, мушкилоти барқ ба миён омадааст. Дирӯз аз надоштани барқ як қисми мардуми пойтахт азият кашиданд.
Сарчашма хабар дод, ки вақт ва тартиби аниқи маҳдудияти барқ баъдтар хабар дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






