Азим Иброҳим: «Талаботи асосӣ дар нақби «Истиқлол» пешгирии обҳои зеризаминӣ мебошад»

Октябрь 20, 2015 03:59

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 17 октябри соли ҷорӣ муовини Сарвазир Азим Иброҳим вобаста ба баҳодиҳии сифати корҳои сементкунонии фарш ва пешгирии ҷоришавии об дар дохили нақб, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шуданд, аз нақби «Истиқлол» дидан намуд. 
Баъд аз муоинаи корҳои анҷомёфта ва суҳбати тахассусӣ бо масъулини Вазорати нақлиёт ва ширкати «Собир» муовини Сарвазир зикр  намуд, ки  дар маҷмӯъ корҳои сохтмону барқарорсозӣ хуб анҷом ёфтаанд, вале баҳогузории сифати корҳои анҷомдода танҳо моҳҳои июн -июли соли 2016, яъне баъди обшавии яхҳо  имкон дорад. 
Инчунин ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ба ҷараёни иҷрои корҳои марҳилаи дуюми дохили нақб, ки аз равшангардонӣ ва насб намудани ҳавокашҳои пуриқтидор  иборат мебошад, вусъат  бахшида шавад.   

 

Октябрь 20, 2015 03:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад