Ба бегонапарастон дар хонаи мо ҷой нест
Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Ба бегонапарастон дар хонаи мо ҷой нест»- таҳти чунин унвон чанде пеш дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид.
Дар нишаст ҳайати шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омўзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахт иштирок дошта, ҳодисаҳои манфури рўзи 4 сентябр дар шаҳри Душанбе ва атрофии он ба амал омадаро маҳкум намуда, зикр намуданд, ки мо дигар намехоҳем ба ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми қарни гузашта баргардем. Барои террористон, бегонапарастон, бегонагароён дар шаҳри мо ҷой нест.
-Муҳиддин Кабирӣ бори дигар бо амали ноҷавонмардонаи худ бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш А. Назарзода, Ҷ.Умаров ва дигарон бо ҳаракати ноҷавонмардонаашон хостанд ба оромии кишвар халал ворид намоянд, вале тирашон хок хўрд. Мо ҳамеша шукри Сарвари кишвар ва истиқлолияту оромии ҷомеаро мегўем,-зикр карданд омўзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






