Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук
Душанбе, 03.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
25-мин солгарди Иди миллии кишвари дӯст – Рӯзи Ваҳдати Германия имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Германияро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям.
Дастовардҳои назарраси кишваратон мӯҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфузи Ҷумҳурии Федеративӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад.
Тоҷикистон Германияро яке аз ҳамшарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт.
Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба ҷаноби Президент, сиҳатии комил ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Германия сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






