Баррасии ҳамкории фарҳангӣ бо Институти рейтинги байналмилалӣ

Октябрь 2, 2015 05:42

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 1 октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Консули Институти рейтинги байналмилалӣ (зерсохтори ЮНЕСКО) Станислав Королёвро ба ҳузур пазируфт.
Тавре дар ин бора Вазорати фарҳанг иттилоъ додааст, дар вохӯрии мазкур ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти ба ҷаҳон муаррифӣ намудани ёдгориҳои моддӣ (меъморӣ, таърихӣ ва бостоншиносӣ) ва ғайримоддӣ (чакан, фалак, гулдӯзӣ, шашмақом)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ворид намудан ба  рӯйхати ЮНЕСКО  баррасӣ гардид.
 Гуфта мешавад, ки аз ҷониби ин созмони бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ёдгориҳои моддӣ, шаҳри асри миёнагии Ҳулбук ва аз ёдгориҳои ғайримоддӣ жанри «Фалак» ба ҷоизаи «Номгӯи  рейтинги байналмилалӣ» сазовор гардиданд.

Октябрь 2, 2015 05:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд