Баррасии масоили вобаста ба оиладорӣ дар мулоқот бо фаъолзанони Кӯлоб
Кӯлоб, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, суҳбату вохӯриҳо идома доранд. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо фаъолзанони шаҳру ноҳия вохӯрӣ доир намуд, ки дар он бисёр масъалаҳои марбут ба оила ва хусусан рӯзгори занон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Тавре ки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова иттилоъ дод, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин никоҳи хешу таборӣ мебошад, ки ба гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ навад фисади шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби хешу табори худ оила ташкил намудаанд, кӯдакони носолим ба дунё овардаанд ё бо ҳар баҳона оилаашон вайрон шудааст. Кормандони соҳа дар ин ҳамоиш ба ҳозирон нисбат ба ин ва дигар масъалаҳои ташвишовар маслиҳатҳо доданд. Зикр гардид, ки то ҳанӯз баъзе шаҳрвандон хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда рафтор карда, тӯю маъракаҳои хешро бо исрофкорӣ мегузаронанд, ки бояд занону модарон садди роҳи ин қонуншиканиҳо гарданд. Кормандони бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон гузаронидани чунин вохӯриву суҳбатҳоро муҳим арзёбӣ карданд. Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо то охири сол гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






