БАТР тибқи стратегияи нави худ сармоягузориашро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад

Октябрь 15, 2015 04:21

Душанбе, 15.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/  тибқи стратегияи нави худ сармоягузориро барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон тақвият дода, интизор меравад, ки соли равон дар ин самт  200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд. Ин нишондод дар қиёс нисбат ба сармоягузории дар соли 2014 расонидаи БАТР дар Тоҷикистон ду баробар зиёд аст. Соли 2014 БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон 75 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда буд. 
    Масару Хонма -директори минтақавии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» гуфт: «Мо ният дорем, теъдоди лоиҳаҳоямонро аз 11 адади соли гузашта ба 15 адад расонем».
 Масару Хонма ҳамзамон доир ба паҳлуҳои стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон, ки моҳи июли  соли равон тасдиқ гардидаанд ибрози назар намуд. Мавсуф гуфт, ки стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон фарогири се бахш буда,  он барои дастгирии бахши соҳибкории Тоҷикистон нигаронида шудааст. Бахши якум  ба рушди ифрасохтори бонкӣ, густариши фазои соҳибкорӣ ва дастгирии корхонаҳои хусусӣ нигаронида шудааст. Дар бахши дуюм  БАТР беҳсозӣ ва самаранокии  хизматрасониҳоро дар соҳаи коммуналӣ, аз қабили  обу энергетика дастгирӣ менамояд. Бахши сеюми стратегияи нави БАТР барои Тоҷикистон  фарогири масоили ҳамгироии минтақавӣ, назири сармоягузории минтақавӣ ва савдои минтақавист.

 

Октябрь 15, 2015 04:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа