Биноҳои нави таълимӣ дар минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз ҷониби фармоишгар — Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ-Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Совет»-и ноҳияи Темурмалик бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Ҳамадонӣ бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд. Тавре ки Алишер Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ иттилоъ дод, бинои нави муассисаи таълимӣ аз 10 синфхона ва 4 утоӄи фаннӣ иборат буда, сохтмонаш аз соли 2013 оғоз гардидааст. Иншоот дар муддати ду сол сохта шуда, ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Ҳамадонӣ 750 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 44 омӯзгор таълим медиҳанд. Бинои нави мактаб бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин гардида, баҳри бомуваффақият паси сар намудани фасли сармо дар он миқдори зарурии ангишту ҳезум захира шудааст.
Ҳамчунин бо харчи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Момандиёни ҷамоати деҳоти Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод дар назди муассисаи таълимии рақами 13 бинои нави иборат аз 8 синфхона ва 2 утоқи фаннӣ ба истифода дода шуд, ки он ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин муассиса 520 хонанда аз чор деҳаи ҷамоати деҳоти Кӯлчашма таҳсил мекунанд. Соли 2009-ум дар муассисаи мазкур як бинои нави дорои 8 синфхона сохта шуд ва он имкон дод, ки хонандагон дар як баст ба таълим фаро гирифта шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






