БМТ: Мулоқот бо намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ

Октябрь 26, 2015 04:50

Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаҳои идомаи ҳамкории дуҷониба ва мушаххасу самаранок  бо ташкилоти байналхалқии молиявӣ дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ричард Ҷонс- роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Себастян Фариниаз- роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии маблағгузории хурди  ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон хонум Зарина Одинаева — роҳбари Лоиҳаи таҳкими инфрасохтори молиявии Осиёи марказӣ ва Озарбойҷони Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ ва Муҳаммадӣ Бобоев -иқтисодчии Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ, ки 23 октябри соли равон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки мулоқоти намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон идомаи вохӯрии ҷонибҳо аз 22 сентябри соли равон аст, ки дар он дархости бонк ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ аз ҷониби донорҳо пешниҳод шуд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ташкилоти байналхалқии молиявӣ аз ҳамкории судманд бо департаменту идораҳои Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои се — чор соли оянда барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ оид ба кумакҳои техникӣ таҳия шудаанд ва қисме аз онҳо аллакай мавриди амал қарор доранд.
Ҷонибҳо дар идомаи суҳбат масъалаҳои расонидани кумаку дастгириҳои техникӣ, ҷалби машваратчиёну коршиносони сатҳи байналмилалӣ барои беҳтар кардани фаъолияти бахшҳои гуногуни низоми бонкии ҷумҳурӣ,  аз ҷумла назорати бонкӣ, тавозуни пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон, суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо барои муҳлатҳои кутоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуддатро ҳамаҷониба муҳокима намуданд.

Октябрь 26, 2015 04:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад