Боздиди Р. Раҳимзода аз РВКД-и минтақаи Рашт
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ноҳияи Рашт сафари хизматӣ анҷом дода, бо фаъолияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва ҷузъу томҳои он аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Вазири корҳои дохилиро дар ҷараёни ин сафари хизматӣ раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, сардори РВКД дар минтақаи Рашт полковники милитсия Шафизода Рустам Исмоил ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ ба Осоишгоҳи истироҳатии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт омада, дар маросими ба истифодадиҳии 3 хонаи истироҳатии иловагӣ иштирок намуд.
Осоишгоҳи мазкур, ки дорои 7 хонаи дуҳуҷрагӣ мебошад, боз соҳиби се хонаи иловагӣ гардида, барои фароғату истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи истироҳатии ВКД дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии ҳокимияти давлатии иҷроияи маҳаллӣ ва соҳибкорони ватанӣ таъмиру таҷдид гардида, бо тамоми шароит муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин дар осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ бо тарҳ ва ороиши замонавӣ сохта шудааст, ки истироҳаткунандагон метавонанд аз он пурсамар истифода баранд.
Чунин шароити мусоид имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон дар ин осоишгоҳ ба фароғату истироҳати ҳамаҷониба фаро гирифта шаванд.
Бояд гуфт, ки аллакай шумораи зиёди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар фасли тобистон ба ин мавзеи зебои кӯҳистон омада, бар замми табобату истироҳати хуб аз табиати нотакрору ҳавои софу беғубор ба рӯҳу равони худ дармон бахшиданд.
Дар ҷараёни сафар вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз Дармонгоҳи тиббии Раёсати тиббии ВКД дар ноҳияи Рашт низ дидан кард.
Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро майдони варзишӣ барои ҳайати шахсии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Раштро ифтитоҳ кард.
Саҳни майдони варзишӣ хеле васеъ буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишии гуногун ва бозиҳои футболи хурд пешбинӣ гардидааст.
Бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода мусобиқаҳои кушоди даставӣ оид ба футболи хурд «Барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ» дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар корхонаву муассисаҳо оғоз гардиданд.
Мусобиқаҳои кушоди даставӣ оид ба футболи хурд чанд рӯз идома меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






