Боздиди сафири Тоҷикистон аз бародаршаҳри Душанбе-Клагенфурт
Душанбе, 17.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- 14 октябри соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия Исматулло Насрединов ба маркази маъмурии замини федералии Каринтия-шаҳри Клагенфурт сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи ин боздид Сафири кишвар нахуст бо Президенти органи қонунбарор “Ландтаг”-и замини федералии Карития Райнҳард Роҳр вохӯрӣ доир намуд, ки дар ҷараёни он имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Ландтаги замини федералии Каринтия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас дипломати тоҷикистонӣ аз ҷониби Бургомистри Клагенфурт хонум Мариа Луизе Матиашитс ба ҳузур пазируфта шуд. Дар ин мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ миёни бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ, ташкили сафарҳои мутақобила ва дигар мавзуъҳои мубрам табодули назар карданд.
Дар фарҷоми гуфтугӯ Сафири Тоҷикистон ба китоби ёддоштҳои меҳмонони фахрӣ таассурот ва таманниёти худро сабт намуд.
Робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт соли 1972 барқарор шуда, 4 октябри соли 1988 аз ҷониби Тоҷикистон ба бародаршаҳр Чойхона бо ороиши санъати миллӣ дар шакли айвон сохта, тақдим шудааст. Дар баробари ин яке аз кӯчаҳои шаҳри Клагенфурт ба номи Душанбе (Duschanbegasse) ва яке аз кӯчаҳои пойтахти мо ба номи Клагенфурт гузошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






