Бозии Истиқлол ва Кувайт-и Кувайтро доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад
Душанбе, 12.10.20115. (АМИТ «Ховар»).- Бозии ҷавобии нимниҳоии «Ҷоми AFC-2015» байни дастаҳои «Истиқлол-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва КВ «Кувайт, қаҳрамони дувоздаҳкаратаи -и Кувайтро, ки 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад, ҳакамон аз Ӯзбекистон доварӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Валентин Коваленкои 40-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Вай аз соли 2002 довари ФИФА буда, аз соли 2008 бозиҳоеро, ки АFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мегузаронад, доварӣ мекунад. Ӯ ду бор сардовари бозиҳо бо ширкати тими мунтахаби Тоҷикистон буд. Соли 2008 дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон (0:0) ва бозии ниҳоии ин мусобиқа байни тимҳои миллии Ҳиндустону Тоҷикистонро (1:4) ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст.
Бояд зикр кард, ки ёварони довари ФИФА Маъмур Саидқосимови 37-сола ва Ҳусниддин Шодмонови 39-сола ба ҳайси доварони марзии майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Азиз Осимови 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Алӣ Ҳамад Мадҳад Сайф Ал-Бадвавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Камол Токобоев аз Қирғизистон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали нимниҳоӣ миёни дастаҳои КВ «Кувайт ва «Истиқлол, ки 30 сентябр дар пойтахти Кувайт шаҳри Эл-Кувайт баргузор шуда буд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 4:0 поён ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






