Бунёди зиёда аз 500 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо зиёда аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар Суғд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). – “Тайи даҳ соли охир дар қаламрави вилояти Суғд зиёда аз 500 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо зиёда аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шудаанд, ки ҳоло онҳо ба зиёдшавии ҳаҷм ва номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда мусоидат карда истодаанд”, — иброз дошт Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Суғд 21 октябр.
Мувофиқи маълумот соли гузашта дар вилоят ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2005 беш аз ду баробар зиёд мебошад.
Ба ҳолати аввали сентябри соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 2,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 574 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин дар ин раванд бо бунёд кардани даҳҳо корхонаву коргоҳҳои коркарди гандум воридоти орд торафт коҳиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли он дар дохили кишвар зиёд карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






