Д.Ҳабибов: «Занони соҳибкор бояд нақшаҳои устувори соҳибкорию тиҷоратиро тартиб диҳанд»
Душанбе, 08.10.15. (АМИТ «Ховар»). — «Имрӯз занон дар рушди соҳибкории ҷумҳурӣ мақоми хоса доранд. Президенти кишвар ва роҳбарияти он барои дастгирии занони соҳибкор чораҳои зарурӣ мебинанд. Имрӯз фаъолияти занони соҳибкор назаррас буда, натиҷаҳои дилхоҳ мебахшанд», — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлат Ҳабибов дар ҷараёни форум оид ба рушди соҳибкорӣ байни занони Тоҷикистон.
Ба гуфтаи мусоҳиб, занони соҳибкор, ки аз дастгирии давлат бархӯрдоранд, бояд нақшаи устувори соҳибкорию тиҷоратиро тартиб диҳанд, ки он ҳам барои худу аҳли оилаи вай ва ҳам барои ҷумҳурӣ муфид аст.
«Форуми имрӯза ба манзури фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории байни занон, ҳамчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилан муфид дар чунин соҳаҳои барои ҷумҳурамон муҳим, аз қабили кишоварзӣ, косибӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, созмон дода шудааст», — афзуд Давлат Ҳабибов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






