Дар 9 моҳ ба маблағи 3,2 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар давоми 9 моҳи соли 2015 ҳаҷми истехсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 3,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо ба 119,6 фоиз баробар мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд ва Чкалов дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд саҳми худро дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 603 корхонаи саноатӣ 346 корхона ё 57,3 фоизи он вусъати афзоишро нисбат ба соли гузашта таъмин намуданд. 180 корхона ё ки 30 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 77 корхона ё ки 12,7 фоиз аз теъдоди умумӣ фаъолият накарданд.
Дар баробари ин, соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини соҳа, мақомоти андоз ва омори вилоят вазъи баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, корхонаҳои соҳаи истеҳсоли орд, парандапарварӣ ва равғанбарорӣ арзёбӣ гардида, вазъият нисбат ба соли гузашта беҳтар гардидааст.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






