Дар ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират ва мубориза бо ҷинояткорӣ муҳокима мешавад
Душанбе, 08.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ, ки 16 октябр дар шаҳраки Буробойи Қазоқистон баргузор мегардад, масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират ва мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.
Аз ҷумла, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо бахшида ба санаҳои назарраси пешорӯ — 70 — солагии таъсиси СММ ва 30 — солагии садамаи Нерӯгоҳи барқи ҳастаии (НБҲ) Чернобил ҷиҳати баррасии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод мешаванд. Ғайр аз ин, сарони давлатҳо ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳамкорӣ дар ростои муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, фарҳанг, огоҳӣ ва рафъи вазъиятҳои фавқулодда ва ҳифзи сарҳадотро танзим менамоянд, қабул карда, ҳамчунин масоили марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиро баррасӣ мекунанд.
Иштирокдорони ҷаласа бархе масоили ташкилӣ ва бахши кадрҳо, аз ҷумла раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2016, дар бораи роҳбари Маркази зиддитеррористии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи раиси Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масоили мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар бораи доир намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ — ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






