Дар анҷоми мулоқоти расмии ҳайати васеи ҷонибҳо 8 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Япония ба имзо расид
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистон ва Япония як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
1. Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония.
2. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)».
3. Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)».
4. Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ.
5. Изҳороти ҳамкорӣ миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилоот дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Маркази кашшофии молиявии комиссияи миллии бехатарии ҷамъиятии Япония.
6. Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо миёни Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Ҳукумати Япония оид ба Лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах.
7. Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) оид ба татбиқи Лоиҳа барои беҳсозии тарзи идоракунии мубориза бар зидди малах.
8. Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ миёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тсукубаи Япония.
Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ ва дурнамои муносиботи ду кишвар баҳои баланд доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






