Дар Қандаҳор беш аз 200 ҷангиёни «Ал Қоида» кушта шуданд
Душанбе, 14.10.15. (АМИТ «Ховар»). Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон бо мақсади нест кардани 2 урдугоҳи ҷангиёни «Ал Қоида» амалиёти фарогири қӯшунҳои Афғонистону Амрико роҳандозӣ шуд.
Дар амалиёти ҳарбӣ, ки аз 10 11 октябр идома дошт, беш аз 200 нафар хидматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои рӯизаминӣ ва авиатсия иштирок доштанд. Амалиёт дар ҳудуди вулусволии Шӯробак сурат гирифт.
Агентии иттилоотии «Хома пресс» зимни истинод ба ҳисоботи расмии Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар медиҳад, ки бар асари амалиёти ҳарбӣ 234 нафар ҷангиён кушта шуда, аз террористон миқдори зиёди аслиҳаю лавозимоти ҳарбӣ, ҳамчунин асбоби гирдоварандаи ахбороти ҷосусӣ ғанимат гирифта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






