Дар Бадахшон аз муосиртарин барномаҳои танзимкунандаи неруи барқ истифода мебаранд

Октябрь 20, 2015 05:42

Хоруғ, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ширкати барқии    «Помирэнерҷи»-и вилояти Бадахшон  ба  зимистони пешомад пурра омодааст — гуфт Далер  Ҷумъаев, сардори ин ширкати барқӣ. Мусоҳиб аз ҷумла зикр кард,  ки  дар  қаламрави Бадахшон  ду неругоҳи калонҳаҷм — неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва неругоҳи «Хоруғ»  ва  нӯҳ  неругоҳи миёнаҳаҷм  дар ноҳияҳо  бо  иқтидори пурра  фаъолият доранд. Бо ҳамин зиёда аз 85 фоизи каламрави вилоят ба  неруи барқ  дастрасии пурра  дорад.   Ҳамзамон дар 24 соли соҳибистиқлолии ватан дар Бадахшон  46 неругоҳи хурди барқӣ дар деҳоти дурдаст дар ҳамкорӣ бо Мақомоти  иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   ташкилоти байналмилалӣ  бунёд ёфтаанд, ки  дар  амалӣ гардидани  ҳадафи стратегии  Ҳукумати мамлакат  — таъмини истиқлолияти   энергетикии  кишвар мусоидати амиқ доранд. Маркази вилоят ва навоҳии атрофи он 24 соат дар як шабонарӯз аз неруи барқ  таъмин мебошанд, танҳо 16  деҳаи дурдасти кӯҳистон аз тариқи  реҷа ба барқ дастрасӣ доранд, ки   ин деҳаҳо дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва  ноҳияи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Далер   Ҷумъаев,  сардори ширкати барқи «Помирэнерҷи» иброз дошт, ки ҳамаи  ин пешравиҳои ширкат дар мадди аввал аз  дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон   сарманшаъ мегиранд ва   таваҷҷуҳи  махсуси Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон   ба масоили таъмини мардуми кӯҳистон аз неруи барқ барои фаъолияти ширкати барқи  вилоят имкониятҳои навинро рӯи кор меорад. Хотиррасон бояд кард, ки  дар нахустсоли таъсиси шаркати барқии  «Помиржнерҷи»   иқтидори барқистеҳсолкунии  неругоҳҳои он  23,7 мВт-ро  ташкил медод. Таъмиру навсозии ҳарсолаи  неругоҳҳои  мавҷуда ва зеристгоҳҳо  имкон дод, ки  иқтидори  умумии  истеҳсоли барқ  имрӯзҳо 2 баробар афзоиш ёбад.  Мутахассисони ширкат  аз муосиртарин барномахои танзимкунандаи неруи барқ истифода бурда,  марказҳои хизматрасониро ташкил намудаанд.  Ҳамзамон  сехи таъмири таҷҳизот дар  маркази вилоят ташкил гардида,  ки  ин имконият медиҳад дастгоҳҳои  таъмирталаби неругоҳҳо    дар худи шаҳри Хоруғ   бо ҷалби  мутахассисон  сари вакт  навсозӣ  гарданд.  Далер Ҷумъаев,  сардори ширкати барқии вилоят афзуд, ки  амалӣ гардидани  барномаҳои таъмини мардуми Бадахшон бо неруи барқи хушсифат, пеш аз ҳама, ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати  энергетика ва захираҳои оби мамлакат ҳамбастагӣ дорад.

Октябрь 20, 2015 05:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад