Дар Чин машқҳои якҷояи ситодии мақомоти салоҳиятноки СҲШ «Сямин 2015» мегузаранд
Душанбе, 14.10.15. (АМИТ «Ховар»). Мутобиқи Қарори қаблшудаи Шӯрои сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай 14 октябри соли 2015 дар қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақоми танзимкунандаи Кумитаи Иҷроияи СЗТМ (Созмони зиддитеррористии минтақавӣ) и СҲШ машқи якуми якҷояи ситодии мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷиҳати муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои террористӣ, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ «Сямин 2015» ҷараён дорад.
Дар машқи зиддитеррористӣ ҳайатҳои мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзои СҲШ ва Кумитаи Иҷроияи СЗТМ СҲШ ширкат доранд.
Мақсадҳои асосии машқи «Сямин 2015» чунинанд:
— такмили механизмҳои фаъолияти якҷояи мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзои СҲШ барои ошкорнамоӣ ва ҷилавгирии истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои террористӣ, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ;
— омӯзиши ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, имкониятҳои ташкилию техникӣ, ҳамчунин тартиби фаъолияти мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзои СҲШ ҷиҳати муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои террористӣ, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ.
Ҳайати фармондеҳон ва ҳайати шахсии мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзо дар ҷараёни роҳандозии чорабинӣ умуман малакаҳои тарҳрезӣ, омодагирӣ ва рӯи кор овардани чорабиниҳоро ҷиҳати ошкорнамоӣ, огоҳонӣ ва ҷилавгирии фаъолияти тахриботии созмонҳои террористӣ дар шабакаи интернет такмил медиҳанд.
Роҳбарони ҳайатҳои иштироккунандаи машқҳои «Сямин 2015» сатҳи баланди ташкили онро қайд намуда, омодагии худро ба роҳандозии доимии чунин чорабиниҳо ба манзури таҳкими ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷояи мақомоти салоҳиятноки давлатҳои СҲШ ҷиҳати муқовимат ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва дастгирии сулҳу амнияти минтақа иброз медоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






