Дар Хатлон нақшаи ҷамъоварии андоз 110% иҷро шуд

Октябрь 2, 2015 05:36

Қӯрғонтеппа, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи ҳашт  моҳи  соли  равон  ба  буҷети  вилояти  Хатлон 479,1  миллион  сомонӣ  ворид  гардид. Сардори  Раёсати андози  вилояти  Хатлон Сироҷ  Гулмуродов  дар иҷлосияи  сеюми Маҷлиси  вакилони  халқи  вилоят  дар  ин  бора  хабар  дод. 
Ба  гуфтаи  мавсуф,  нақшаи  ҷамъоварии андоз  110  фоиз иҷро  шуд. Вазъи ҷамъоварии андоз дар  Сарбанд,  Қӯрғонтеппа,  Кӯлоб,  Норак,  Ховалинг,  Шурообод  ва  Ёвон  хуб  аст.

Октябрь 2, 2015 05:36

Хабарҳои дигари ин бахш