Дар Хуҷанд ба вохӯрии интихобии мусобиқоти Осиё — 2016 тайёрӣ мебинанд
Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Хуҷанд тайёрӣ ба вохӯрии интихобии мусобиқоти Осиё — 2016 оид ба футзал дар Минтақаи марказӣ, ки аз 14 то 16 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш» баргузор мегардад, ҷараён дорад. Футзалбозони Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои пайдо намудани роҳхат ба мусобиқоти қитъавӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори нахуст бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев 14 ноябр бо дастаи Афғонистон вохӯрда, 15 ноябр бо варзишгарони Туркманистон қувваозмоӣ менамояд. Шогирдони Ҳусейн Шодиев дар даври хотимавӣ бо дастаи мунтахаби Қирғизистон вомехӯранд.
Ёдовар мешавем, ки ба қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё, ки аз 10 21 феврали соли оянда дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошкент баргузор мегардад, фақат ду даста роҳхат пайдо мекунад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






