Дар вилояти Ғазнӣ 200 нафар толибон кушта шуданд
Душанбе, 16.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ», дар ҳудуди вилояти Ғазнии Афғонистон қариб 200 нафар ҷангиёни ҷунбиши «Толибон» кушта ва 50 нафари онҳо захм бардоштанд.
Тавре ки муовини волии вилоят Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ изҳор дошт, ҳафтаи гузашта толибон муддати се рӯз қитъаи роҳи Кобул — Қандаҳорро иҳота намуда, ба қувваҳои маҳаллии амният ҳамла оварданд. Дар ҷараёни задухӯрдҳои ҷангиён бо қувваҳои ҳукуматӣ 6 нафар сокинони осоишта ба ҳалокат расида, 16 нафар, аз ҷумла 4 нафар кормандони пулис захмӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вакили Волуси Ҷирга (палатаи поёнии парлумон) Ориф Раҳмонӣ аз нақшаҳои толибон ҷиҳати ба даст овардани маркази маъмурии вилоят шаҳри Ғазнӣ дарак дода буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






