Дар вилояти Нангарҳор 100 силоҳбадасти «Давлати исломӣ» кушта шуд
Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, дар ҷараёни бархӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди вилояти Нангарҳори Афғонистон камаш 100 нафар силоҳбадастони гурӯҳи «Давлати исломӣ» кушта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби рӯзи сешанбеи гузашта силоҳбадастон ба бунгоҳҳои назорати вулусволии Ачин ҳамла оварданд. Назар ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ», алҳол ҳамлаи силоҳбадастон зада гардонида шуда, вале амалиёти ҳарбӣ дар маҳалҳои алоҳидаи вулусволӣ идома дорад.
Мувофиқи маълумоти охирини роҳбарияти пулис, то имрӯз аз ҷониби қувваҳои Афғонистон 3 нафар ҳалок ва 8 нафар захмӣ шудааст. Маълумот дар бораи ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани сокинони осоишта то ҳол ба матбуот нарасидааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






