Даъвати донишҷӯён ба ватандӯстӣ

Октябрь 7, 2015 03:24

Душанбе, 07.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-6 октябри соли 2015 тибқи нақшаи таҳияи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба татбиқи иҷрои “Барномаи таълимӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва таърих баргузор гардид, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.  
Муовини директори агентӣ М. Ҳайдарзода оид ба ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ ва пешгирии нашъамандӣ сухан гуфт. 
 

Октябрь 7, 2015 03:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад