Дилшод Назаров: Барои варзишгари касбӣ шудан танҳо хоҳиш лозим аст

Октябрь 20, 2015 08:37

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият ба комёбиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карданд. Дар даврони истиқлолият ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рушд намуд, аз ҷумла соҳаи варзиш низ дар зарфи 24 сол ба пешравиҳо ва дастовардҳои нав соҳиб гашт. Имрӯзҳо варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи оливу байналмилалӣ иштирок намуда, парчамбардори миллати хеш  гардидаанд. Дилшод Назаров аз ҷумлаи онҳое мебошад, ки солҳост муаррифгари варзиши тоҷик ва парчамбардори кишвар дар арсаи ҷаҳонист. Ӯ дорандаи чандин ҷоизаҳои Осиёву Аврупо  мебошад. Ҳамчунин мавсуф яке аз аввалин варзишгарони кишвар аст, ки роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпиадаи Рио-де Жанейро -2016 -ро ба даст овардааст,  ки ин чорумин иштироки ӯ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба муваффақиятҳои мавсуф  бо Дилшод Назаров ҳамсуҳбат гардидем.

«Ховар»: Аввалин баромади Шумо ба майдон кай ва дар кадом мусобиқа дар вазни чанд буд?

Д. Назаров:  Аввалин мусобиқае, ки ба муваффақият ноил гардидам, ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук (гурзпартоӣ) дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1997 буд. Ин аввалин иштирокам дар мусобиқаи байналмилалӣ буд.

«Ховар»: Дар ин мусобиқа ҷои чандумро гирифта будед?

Д. Назаров:  Дар ин мусобиқа ба гирифтани ҷои 3-юм мушарраф гардидам.

«Ховар»: Аз муваффақиятҳое, ки то имрӯз ба даст овардаед, кадомаш хотирмон аст? Ва аз онҳо қонеъ ҳастед ё на?

Д. Назаров:  Аз бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон  албатта. розӣ ҳастам, вале ҳамчун варзишгари касбӣ ман кӯшиш мекунам, ки дар оянда ба қуллаҳои баланди варзишӣ ноил гардам.

«Ховар»:  Шумо ҳамчун як варзишгари муваффақ варзишро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Д. Назаров:  Албатта, бояд зикр намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷумҳурӣ сохтмони иншооти варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон бештар гардидааст. Ин, албатта, барои варзиши тоҷик заминаи мусоид буда, баҳри тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат такони ҷиддӣ мебахшад.

«Ховар»: Имрӯз мо дар остонаи ҷашни Парчами миллӣ қарор дорем. Мехоҳем таманниёти Шуморо ҳамчун як парчамбардори кишвар вобаста ба ин санаи муқаддас фаҳмем.

Д. Назаров:  Ман халқи бошарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо пеш аз ҳама саломатии бардавом, сулҳу субот ва якдилиро орзу менамоям.

«Ховар»: Барои он ки ҷавонони мо варзиш ва тарзи ҳаёти солимро ихтиёр кунанд, чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем?

Д. Назаров:  Тавре ки зикр намудем, имрўз тамоми шароитҳо барои машғул шудан ба варзиш муҳайё гардидаанд. Барои солим нигоҳ доштани саломатӣ ва варзишгари касбӣ шудан танҳо хоҳиш лозим ҳаст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҷавонону наврасонро барои машғул шудан ба варзиш даъват менамоям.

 

 

 

 

 

 

Октябрь 20, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд