Донишҷӯёни Қӯрғонтеппа кирдорҳои сарвартарошонро маҳкум карданд
Қӯрғонтеппа, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 4,5 ҳазор нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав зимни иқдомашон алайҳи кирдорҳои душманони халқи тоҷик, ки зери ниқоби ислом халқу давлатро бадном мекунанд, душманони миллатро маҳкум намуданд.
Донишҷӯён дар ҷараёни суханрониашон зикр намуданд, ки сарвартарошон бо кирдорҳои худ дар кишварҳои Ғарб худро тавре нишон медиҳанд, ки гӯё ҷонибдори сулҳу суботи Тоҷикистонанд, вале дар асл бо айби онҳо одамони бегуноҳ қурбони амалҳои касифонаи онҳо мегарданд.
Донишҷӯён дар муроҷиатномаи худ унвонии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ ва хоини дигари Ватан Додоҷон Атовуллоев алҳол дар он ҷо мебошанд, изҳор доштанд, ки хоинон бо истифода аз маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд, онҳо барои кирдорҳои ношоистаашон бояд ҷазо бинанд.
Донишҷӯён дар муроҷиатнома ҳамчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон Ватани ҳар кадоми онҳост ва ҷавонон ҳамеша тайёранд, ки кишвари худро ҳифз намоянд. «Ояндаи кишварамон дар дасти худи мост ва мо сулҳу суботи мамлакатро ҳифз мекунем», — изҳор доштанд донишҷӯён.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






