Эҳтиёт, ғоратгар!

Октябрь 5, 2015 06:37

Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Кормандони  милиса якчанд ҷинояткории вобаста бо  ғоратгариро ошкор  намуданд.
Тавре  ки  ВКД ҶТ  хабар  медиҳад, хонуми 27  солаи ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров, ба  шуъбаи  ВКД  шаҳри  Хуҷанди  вилояти  Суғд  муроҷиат  намуд. Номбурда  хабар  дод, ки 27  сентябри  соли равон шахси номаълум  дар  ҳудуди  бозори «Панҷшанбе» — и  шаҳри  Хуҷанд шаддаи тиллоии арзишаш 15  ҳазор сомониро аз  гарданаш  зӯран  кашида  гирифта,  нопадид  шудааст. Баъди  ин сокини 21  солаи ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  бо  гумонбарии ғоратгарӣ  дастгир  гардид.
Ғайр  аз  ин,  хонуми  57  солаи  ноҳияи  Ёвон  ба  шуъбаи  ВКД  ноҳияи  Фирдавсии  пойтахт  муроҷиат  карда, изҳор  дошт, ки дар  кӯчаи Неъмат  Қаробоев  шахси  номаълум планшети  тамғаи «Самсунг  гелекси ТАБ  5»  и набераи 15 солаашро  кашида гирифта,  аз ҷойи  воқеа  ғайб  задааст. Як  навраси 15  — соларо  бо  гумонбарии ин  ҷинояткорӣ  дастгир  намуданд.
Чанде  пеш сокини  27  солаи  ноҳияи  Панҷ бо  гумонбарии  чунин  ҷинояткорӣ  дастгир  шуд. Маълум  шуд, ки мавсуф  дар  кӯчаи Гипроземи  шаҳри  Душанбе 1400  сомонӣ, телефонии  мобилии «Самсунг  гелекси  6» ва  камзӯли сокини 29  солаи ноҳияи Ҳисорро зӯран  кашида  гирифтааст, ки маблағи  умумии  онҳо 2 125  сомониро ташкил  медиҳад.
Аз рӯи  хамаи  ҳодисаҳои   зикршуда  парвандаҳои  ҷиноӣ кушода шудаанд.

Октябрь 5, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад