Экстремизм бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир мешавад
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар факултаи геоэкологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ» бо иштироки сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назирҷон Турсунов ва Ф. Нарзиев, муовини ин хадамот баргузор гардид.
Тавре ки аз ДДХ хабар доданд, Дадахон Ғуфронов -муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултаи геоэкология зикр кард, ки солҳои охир дар Тоҷикистон чун дар дигар мамлакатҳо экстремизм ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта зоҳир шуда истодаанд. Онҳо дар шаклҳои гуногун дар сиёсат, иқтисодиёт, муносибатҳои байнимиллӣ ва динӣ, тарзҳои гуногуни ҳимояи манфиат, ҳуқуқ, афкор ва ҳамчунин усулҳои содир кардани як зумра ҷиноятҳои бо экстремизм ҳамқадам зоҳир мешаванд. Экстремизм маънии побастагӣ ба афкор ва чораҳои ғайриқонунӣ дошта, майли инсонро ба роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва миллӣ бо восита ва усулҳои дар ҷамъият қабулнашударо нишон медиҳад. Баробари ин вай ҷараёни калонро дар доираи ҷараёнҳои муосири идеологӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ нишон медиҳад, ки онҳо кӯшиш доранд, ба раванди тараққиёти ҷамъиятӣ халал расонанд. Асосноккунии назариявии экстремизм онро нишон медиҳад, ки ҷамъияти имрӯза қобилияти ба таври конструктивӣ ва бидуни зӯроварӣ ҳал кардани масъалаҳои ҷамъиятӣ- сиёсиро гум кардааст. Аз ин лиҳоз, мо барои пешгирии корҳои номатлуб чорабинии тарбиявиро барои донишҷӯён ташкил намудем.
Назирҷон Турсунов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зикр намуд, ки табиати назарияи экстремистӣ дар инкишофи мантиқии афкор ифода меёбад. Қисми зиёди чунин назарияҳо бо як хулосаҳои бемаънӣ мутлақ шуда мондаанд. Ҷараёнҳои экстремистӣ бо ҳокимият алоқамандӣ надошта, ба истибдод кӯшиш мекунанд. Ҳамаи намудҳои экстремизм назарияи сӯиқасдро истифода мебарад.
Б.Ҳаитбоев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси география — демография дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризм-хатари ҷомеа» гуфт, ки экстремизм- ин шакли инкори радикалии меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии дар давлат мавҷудбуда аз тарафи шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо мебошад. Сабаби он дар сатҳи пасти маълумоти мардум, ҳолати бӯҳронии ҷамъият ва низоми ҳуқуқии каммаҳсул мебошад. Баъзе намудҳои экстремизм решаҳои таърихӣ дорад. Экстремизм масъалаи тезутунди муосир аст. Вай бештар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва дигар соҳаҳо зоҳир мешавад. Болоравии экстремизм ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Аз он ҷиҳат, ки экстремизм бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир мешавад, вай барои шахс хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вайрон мекунад, ҳаёти ҷамъиятро номӯътадил мегардонад. Зоҳиршавии он аз зарари психологӣ ва моддӣ ба давлат ва ҷамъият то маҳрум кардан аз ҳаёти фардҳои алоҳида маънидод мегардад. Оқибатҳои зуҳуроти ҷиноии экстремизм баъди содир кардани амалҳои муайян маълум мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






