Эмомалӣ Раҳмон: “Суботу оромии ҷомеа ба муносибати ҳар яки мо алоқаманд аст ва набояд ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бетарафӣ зоҳир намоем”
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд аз шомилшавии сокинони вилоят ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ карда, иттилоъ дод, ки ҳоло 169 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо аҳли оилаи худ дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд.
Ҳамзамон бо ин, то ҳанўз 213 нафар сокинони вилоят — аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои экстремистӣ барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия дар кофтуков қарор доранд.
“Дар иртибот ба масъалаҳои зикршуда таъкид менамоям, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва ҳар як фарди ватандўсти кишвар вазифадоранд, ки барои пешгирӣ аз ҷалби сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба сафи ҳаракату гурўҳҳои тундгарову экстремистӣ, инчунин дар самти баргардонидани ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухўрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷараён доранд, саҳми худро дареғ надоранд. Зеро суботу оромии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба муносибати ҳар яки мо алоқаманд аст ва мо набояд ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бетарафӣ зоҳир намоем”, — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






