Файзобод: «Солномаи оила» -озмун барои навхонадорон
Файзобод, 20.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба ифтихори Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар ноҳияи Файзобод озмуни «Солномаи оила» дар сатҳи баланд доир гардид.
Иштирокдорони озмун оид ба аҳамияти иҷтимоии соли оила, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, ташкил намудани оилаҳои намунавӣ суҳбат намуда, ба навхонадорон барои устувории оилаҳояшон маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар озмун ба ду ҷуфт арӯсу домод ва зиёда аз 10 оилае, ки кӯдакони солим доштанд, инчунин оилаҳои беҳтарини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар охир хунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаҳои консертию театрикунонидашуда доир ба соли оила табъи ҳозиринро шод гардониданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






