Фаъолияти бархе ташкилоти қарзии хурд қатъ карда шуд
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамал “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ, бо қарорҳои навбатии худ аз 29 октябри соли равон фаъолиятҳои ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.
Тайи чанд соли охир сатҳи миёнаравии молиявии ташкилоти мазкур дар бозори молиявии ҷумҳурӣ паст шуда буд.
Мутобиқи қарори боло иҷозатномаҳои ин ташкилоти қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудаанд, бозхонд шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилоти маблағгузории хурд хориҷ мешавад.
Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзии хурди зикршуда вазифадор шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






