Футболбозони «Ҷоҳор» ба Душанбе омаданд
Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати клуби «Ҷоҳор Дарул Такзим» барои иштирок дар вохӯрии ниҳоии Ҷоми КФО — 2015 бо қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и пойтахт ба шаҳри Душанбе омад.
Тавре ки дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, сармураббии «Ҷоҳор» Роберто Карлос Марио Гомес 23 нафар бозингаронро бо худ ба шаҳри Душанбе овардааст, ки дар байни онҳо 4 нафар футболбозони Аргентина, Бразилия ва Сингапур ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ниҳоии Ҷоми КФО — 2015 байни қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва қаҳрамони дукаратаи Малайзия «Ҷоҳор Дарул Такзим» соати 16:00 рӯзи шанбеи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






