Хадамоти гумрук: Вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ

Октябрь 28, 2015 08:37

Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии ҳайати шахсии мақомоти гумрук бо мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Ахмедов ва Шокирҷони Карим имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони кумита оид ба масъалаҳои пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби экстремистию террористӣ, назорат ва пешгирии воридоти адабиёту нашрияҳо, либосу маводи дорои мазмуни экстремистӣ ва равияю ҷараёнҳои ифротие, ки барои оромию суботи ҷомеа халалпазир мебошанд, сухан  намуданд. 
Ҳадаф аз вохӯрӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия  намудани ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносию хештаншиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат буд.
Октябрь 28, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад