Хариду фурӯши тифли навзод
Душанбе, 20.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 34-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 16-уми сентябри соли равон дар хонаи зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе писари навзоди худро ба зани 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтааст. Нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба хариду фурӯши кӯдаки навзод даст доранд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт давом дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






