Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагии Шарофат дар ноҳияи Ҳисор

Октябрь 27, 2015 05:20

Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Шарофат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бузургтарин дар ноҳия буда, дорои беш аз 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ мебошад.

Меҳмони олимақомро дар саҳни ҳавлии корхонаи замонавӣхонандагону кормандон ва масъулини соҳа самимона истиқбол карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин иншооти саноатӣ, ки ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори шодмон бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшид.

Зикр гардид, ки корхонаи мазкур дар заминаи маҷмааи хизматрасонии Даҳбед аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Зиёев дар майдони як гектар доман густурдааст.

Корхонаи дӯзандагии Шарофат бо дастури бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки 15-уми августи соли 2014 зимни ба истифода супоридани маркази хизматрасонии Даҳбеди ноҳияи Ҳисор дода шуда буд,дар муҳлати кӯтоҳ бунёд гардид.

Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз ҷониби бинокорони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алазиз дар зарфи панҷ моҳ бо санъати баланд ба анҷом расонида шуд.

Дар корҳои сохтмонӣ 140 нафар сокинони таҳҷоӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши баланд гардида буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, бунёди чунин иморати муосирро туҳфаи арзишманд барои занону духтарон дар рӯзи ҷашни 3000 – солагии Ҳисор унвон кард.

 Аз тарафи соҳибкори созанда 200 таҷҳизоти дӯзандагӣ, дарзмолкунӣ ва бурандагӣ аз ширкати Кем-Суи Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васл шудаанд.

Рӯзҳои наздик зиёда аз 200 мошинаи дигари дарздӯзӣ дастраси кормандон мешавад.

Дар ошёнаи дуюм чор нафар мутахассисони хориҷӣ нозукиҳои кори ин дастгоҳҳоро, ки бо технологияи муосири компютерӣ фаъолият мекунанд, ба занону духтарон меомӯзонанд.

Дар синфхонаҳои омӯзишӣ 30 нафар дар як баст метавонанд таҳсил карда, соҳиби сертификати ин корхона шаванду ба пешбурди кори соҳаи истеҳсолӣ сафарбар шаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо технологияҳои нави дӯзандагӣ ба дастандардкорон барои боз ҳам беҳтар кардани сифат  ва рақобатпазирии маҳсулоташон маслиҳатҳои муфид дод.

Қайд шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 150 то 200 ҷуфт либоси мактабӣ омода месозад ва дар як моҳ ин нишондод ба 4,5-5 ҳазор либосимактабӣ рост меояд. Дар баробари ин мутахассисони соҳа барои омӯзгоронва кормандони дигар корхонаю муассисаҳо сару либосҳои шинами корӣтайёр хоҳанд кард.

Барои роҳ ёфтани маҳсулоти корхона ба бозори хориҷӣ соҳибкор бо яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва 90% маҳсулоти корхона ба кишварҳои Русия, Белоруссия, Қазоқистон ва бархе аз дигар давлатҳо барои фурӯш бояд содирот шавад.

Маркази хизматрасонии Даҳбед, ки соли гузашта ба кор оғоз намуда буд, дорои меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона, маркази хизматрасонии бонкӣ, 75 нуқтаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор, корхонаи рангуборкунии матоъ ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама созандагию бунёдкорӣ ва ташкили корхонаҳои азими саноатиро дар кишвар барои таъмини занону модарон бо кори доимӣ ва баровардани маҳсулоти дохилӣ ба бозорҳои ҷаҳон муҳим ва зарурӣ арзёбӣ кард.

Тавре зикр гардид, дар ноҳияи Ҳисор то ин вақт чунин корхонаи калони дӯзандагӣ вуҷуд надошт то хонандагони ноҳияро бо сару либоси зебои мактабӣ таъмин созанд.

Бояд ёдовар шуд,  ки дар ошёнаи аввали бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар баробари ташхиси кормандон ба сокинони гирду атрофи ҷамоати шаҳраки Ҳисор хизмати бедареғи тиббӣ мерасонад.

Соли охир сохтмони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо ҷаҳду талошҳои Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ афзудааст, ки дар баланд бардоштани рушди иқтидори миллӣ ва ғанӣ гардондани буҷаи кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунада мусоидат хоҳанд кард.

Октябрь 27, 2015 05:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид