Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ
Душнабе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 5 октябри соли 2015 дар Сеул иҷлосияи 9-уми Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид. Дар маросими ифтитоҳи форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи форум ва истифодаи имконоти онро дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.
Дар доираи форум ҷаласаи махсус оид ба масъалаи ниҳодина кардани ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Иштирокдорони ҷаласа тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи кориро доир ба масъалаи таъсиси котиботи Форуми ҳамкорӣ ташкил кунанд.
Дар чаҳор ҷаласаи алоҳидаи форум масъалаҳои иттилооти ҳудудӣ марбут ба кадастри замин, захираҳои фарҳангӣ, маъмурияти гумрукӣ ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорони форум аҳамияти муҳокимаҳои баргузоршударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.
Дар интиҳои форум Баёнияи Сеул қабул карда шуд.
Дар доираи форум мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидӣ бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Тэ-ёнг баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин имконоти тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






