Иштироки Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи иҷлосияи 35 — уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳавопаймоӣ

Октябрь 26, 2015 04:47

Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  вазири  нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи иҷлосияи 35 — уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳавопаймоӣ дар шаҳри  Бокуи  Озарбойҷон  иштирок намуд. 
Дар  ҷаласа  масоили  бехатарии парвози  ҳавопаймоҳо,  фазои  ҳавоӣ  ва масълаҳои  дигари  ҳамкорӣ  дар  бахши ҳавопаймоӣ  муҳокима  шуданд. 
Иҷлосия ба  муносибати 70 — солагии Созмони байналмилалии ҳавопаймоии  мулкӣ ва 25 — солагии Кумитаи ҳавопаймоии  байнидавлатӣ, ки  мақомоти  иҷроияи Шӯрои  байнидавлатӣ ба  шумор  меравад, доир  гардид.
Дар  ин  чорабинӣ роҳбарони  вазоратҳои корҳои  хориҷӣ  ва  нақлиёт, хадамоти ҳавопаймоии мулкӣ, корхонаҳои  ҳавопаймоӣ, марказҳои таълимию  илмии давлатҳои  аъзои Созишнома  дар  бораи  ҳавопаймоии  мулкӣ  ва истифодаи фазо ширкат  доштанд.

Октябрь 26, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад